- сафед
- [سفيد]1. яке аз рангҳои асосӣ, ранги шир ё барф; муқоб. сиёҳ; бахтат сафед бод! хушбахт бош!; дили сафед дили пок аз ғараз ва кина, дили некхоҳ; рӯяш сафед бод! дар мавриди тақдири касе гӯянд, ки кори неке кардааст; тиллои сафед киноя аз пахта; роҳи сафед! роҳи бахайр, роҳи нек, роҳи бехавфу хатар (вақти сафар рафтани касе гуянд); шеъри сафед шеъри озод; сафед кардан устухони касеро ҷони касеро ба лаб расондан, касеро безор кардан; байрақи сафед бардоштан а) хоҳони тарки ҷанг ва хусумат шудан; б) таслим шудан; сафед кардан а) оҳак ё гаҷ молидан ба девор; б) оби қӯрғошим давондан ба рӯи зарфҳои мисин; в) маҷ. беайб шуморидан, бегуноҳ эълон кардани касе; сафед шудан а) ранги сафед пайдо кардан; равшан шудан; б) маҷ. бегуноҳ шумурда шудан; сафед шудани рӯз дамидани субҳ; сафед шудани чашм дар роҳи касе бисёр интизорӣ кашида нобино шудан; сурху сафед шудан бо касе дар бораи коре бо касе ба муноқаша ва мунозира пардохтан; сурху сафед шудан (аз шарм) тағйир ёфтани ранги рӯй аз хиҷолат
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.